Март 26, 2020 20:14 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори мубталоён ба Корона дар Аврупо

Омори мубталоён ба вируси Корона дар Аврупо аз марзи 250 ҳазор нафар гузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ; хабаргузории Фаронса рӯзи панҷшанбе гузориш дод ; омори мубталоён ба вируси Корона дар қораи Аврупо аз марзи 250 ҳазор нафар гузашт ва ниме аз мубталоён ба вируси Корона дар қораи Аврупо дар Испания ва Италия ҳастанд.

Бар асоси ин гузориш,теъдоди мубталоёни қатъӣ ба вируси Корона дар қораи Аврупо то кунун , 258 ҳазору 68 нафар гузориш шудааст,ки 14 ҳазору 640 нафари онон ҷони худро аз даст додаанд.

Шумори мубталоён ба Корона дар Италия ба ҳафтоду чор ҳазору386 маврид ва дар Испания ҳам ба 56 ҳазору 188 маврид расидааст.

Хабаргузории Фаронса таъкид карда,ки омори воқеии мубталоён ба  вируси Корона, беш аз инҳост,зеро бисёре аз кишварҳо аз омори дақиқи мубталоён ба ин вирус иттилоъ надоранд ва танҳо афродеро,ки ҳоли вахиме доранд дар оморҳо қарор додаанд.

аврупо ва амрико акнун ба конуни аслии шуюи Корона табдил шудааст.

Барчасп

Назарҳо