Март 26, 2020 20:31 Asia/Dushanbe
  • Корона ҳануз ба Тоҷикистон ва туркманистон нарафтааст

Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар охирин гузориши худ дар мавриди вируси Корона дар саросари ҷаҳон, Тоҷикистон ва Туркманистонро аз ҷумлаи кишварҳое эълон кард ,ки дар онҳо ҳеҷ мавриде аз мубтало ба ин вирус сабт нашудааст.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Созмони ҷаҳонии беҳдошт ахиран бо интишори омори шуюи вируси Корона дар ҷаҳон эълон кард,ки Тоҷикистон ва Туркманистон танҳо кишварҳо дар Осиёи марказӣ ва ҷомиъаи Ҳамсуд ҳастанд,ки дар қаламрави онҳо то ба имрӯз ҳеҷ мавриде аз мубтало ба вируси Корона сабт нашудааст.

Бар асоси гузориши Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ то кунун дар дигар кишварҳои ҷомиъаи Ҳамсуд аз ҷумла Русия 840, Арманистон 265, Малдавия 149, Украина 145 , Озарбойҷон 93, Қазоқистон 88, Беларусия 86, Узбакистон 60, ва Қирғизистон 44 мавриди мубтало ба вируси Корона шиносоӣ шудааст.

Ҳамчунин то кунун дар паи мубтало ба вируси Корона дар Русия 2 тан, Озарбойҷон як, дар Малдавия як ва дар Украина 5 нафар ҷон бохтаанд.

Дар байни кишварҳои Осиёӣ дар кишварҳои Кураи шимолӣ ва Яман ва дар байни кишварҳои Африқоӣ дар қаламрави кишварҳои  кумур Малавӣ Сироун, Соумуто ва Принсип ҳам ҳеҷ маврид аз мубталоён ба ин вируси нав эълон нашудааст.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар мааҷмуъ таъкид карда,ки мавориди мубтало ба вируси Корона дар беш аз 195 кишвари ҷаҳон сабт шудааст.

Барчасп

Назарҳо