Март 26, 2020 20:56 Asia/Dushanbe
  • Амрико пеш аз шуюи Корона шуюи як бемории маргборро шабеҳсозӣ кард

Амрико 2 моҳ пеш аз оғози буҳрони Корона дар размоише, шуюи як бемории кушандаро шабеҳсозӣ кардааст.

Ба нақл аз ИРНА; радио телевезиони Белжик ( RTBF ) рӯзи панҷшанбе дар гузорише бо ишора ба Туити сафорати Чин дар Фаронса эълон кард ; Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ду моҳ пеш аз шуюи Корона дар Вуҳони Чин, дар размоиши шабеҳсози ба номи ( EVENT 201 ) шуюи як вируси кушанда дар саросари дунёро тамрин кардааст.

Торнамои радио телевезиони Белжик ( RTBF ) афзуд ; саҳифаи ТВИТТЕРи сафорати Чин дар Парис рӯзи душанбе иттилоотеро мунташир кардааст,ки бар тибқи он Амрико дар 18 октиябри 2019 яъне ду моҳ пас аз шуюи вируси Корона дар Вуҳони Чин, як размоиши шабеҳсозӣ ба номи 201 иҷро кардааст,ки сенарияи аслии он шуюи як вируси кушанда бо номи CAPS  дар саросари дунё будааст.

Бар тибқи ин тарҳи шабеҳсозишудаи  амрикоӣ, ин вируси маргбор фарзе дар давраи 18 моҳа мунҷар ба марги 65 миллион инсон хоҳад шуд ва 570 миллиард доллар ба иқтисоди ҷаҳон осеб ворид хоҳад кард.

Бар тибқи натиҷаҳои ин шабеҳсозӣ қатъи ҷараёни шуюи ин вирус танҳо пас аз кашфи як воксини муасир ва ё бо эминии табии афрод пас аз дар маъраз қарор гирифтани 80 то 90 дар сад ҷамъияти ҷаҳон иттифоқ меафтанд.

Шуюи вируси Корона маъруф ба Кувиди 19 барои нахустин бор мобайнҳои моҳи декабр дар шаҳри Вуҳон воқеъ дар маркази Чин гузориш шуд.

Барчасп

Назарҳо