Март 27, 2020 16:20 Asia/Dushanbe
  • Чин вуруди хориҷиҳоро мамнуъ кард

Вазири хориҷаи Чин имрӯз вҷумъа бо интишори иттилоияе эълон кард, ки аз ин пас барои муқобила бо шуюи дубораи вируси Корона дар кишвараш барои муддати номуаян, вуруди атбои хориҷиро ба дохили марзҳои Чин мамнуъ мекунад.

Ба нақл аз ИРНА, дар ин баёния омадааст: бо ҳадафи маҳори комили вируси Корона ва пешгири аз бозгашти дубораи он ба Чин, аз фардо шанбе вуруди атбои хориҷӣ аз ҷумла дорндагони раводиди муътабар ва иқомат дар ин кишвар ба дохили Чин бв сурати мувақиат мамнуъ мешавад.

Ин баёния тасриҳ кардааст, ки муқарароти мамнуияти вуруд шомили дорандагони равоиди С намешавад.

Вазорати хориҷаи Чин таъкид кардааст, ки ҳар тағире дар шароити марбут ба ин тасмим дар оянда эълон хоҳад шуд.Ли Ҳойдуег устоди онишгоҳи равобити хориҷии Чин дар ин маврид гуфт: нахустин бор аз замони иҷроии ислоҳот ва сиёсати дарҳои боз дар соли 1978 милоди аст, ки Чин чунин тасмими сарсахтонае дар баробари шаҳрвандони хориҷӣ мегирад.

Чин ба сахтгириҳои бисёр барои судури иқомат ба хусус иқоматҳои тулони мудат барои афроди хориҷӣ маъруф аст ва теъдоди хориҷиҳои муқими дорои корти сабзи иқомат дар ин кишар ҳатто ба марзи даҳ ҳазор нафар намерасад.

Чанде пеш ин кишвар тасмими гирифт тасҳилоти бештаре бароои дарёфти корти сабзи иқомати 10 сола барои сармоя гузорн дар назар бигирад, аммо миллионҳо нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ин иқдом мухолифат карданд.

То имрӯз ҷумъа шумори мубталоёне, ки аз хориҷ вориди Чин шудаанд ба ҳудуди 500 нафар аз 34 кишвар мерасад.

Барчасп

Назарҳо