Апрел 05, 2020 12:36 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус дар Чин ҳануз қурбонӣ мегирад

Комиссиони миллии беҳдошти Чин эълом кард: Дар 24 соати гузашта 77 мавриди ибтило ба корона дар ин кишвар шиносоӣ шудааст.

Ба нақл аз ИРНО; Комиссиони миллии беҳдошти Чин аз 77 мавриди мубталои шиносоишуда дар 24 соати гузашта, 25 мавриди он аз кишварҳои дигар ба Чин баргаштаанд.   

Ҳамчунин дар шабонарӯзи гузашта се нафар низ дар ин кишвар бар асар ибтило ба коронавирус ҷон бохтаанд.   

Дар гузориши рӯзи якшанбеи Комиссиони миллии беҳдошти Чин омадааст, ки омори кулли мубталоён ба корона дар Чин то кунун ба 81 ҳазору 669 тан ва омори ҷонбохтагон ҳам ба се ҳазору 329 тан расидааст.   

Мақомоти Чин дирӯз дар бузургдошти қурбониёни ин вируси кушанда дар саросари ин кишвар азои умумӣ эълом карданд.   

Шуюи коронавирус маъруф ба КОВИД 19 барои нахустин бор авосити моҳи декабр дар шаҳри Вуҳан дар маркази Чин гузориш шуд.   

Ибтидо аз ин беморӣ ба унвони зотурия ном бурда мешуд аммо Комиссиони миллии беҳдошти Чин баъд аз таҳқиқот, дар 30 декабри соли 2019 ба сурати расмӣ шуюи ин вирусро дар Чин эълом кард.   

Шумори мубталоён ба вируси корона то субҳи якшанбе дар саросари ҷаҳон, ба як миллиону 202 ҳазор тан расида, ки 64 ҳазору 714 тан фавт шуда ва 246 ҳазору 700 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Барчасп

Назарҳо