Апрел 05, 2020 13:45 Asia/Dushanbe
  • Монеатарошии давлати Трамп дар таъмини таҷҳизоти пизишкии муқобила бо коронавирус барои амрикоиҳо

Камбуди шадиди таҷҳизот ва имконоти пизишкӣ дар Амрико дар шароити ибтилои садҳо ҳазор нафар ба коронавирус ин кишварро дар остонаи буҳрон қарор додааст.

Ба нақл аз пойгоҳи интернетии Вакс, дар ҳоле, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико талош мекунад вокунише мунсаҷим ба ин бемории ҳамагир ироа кунад ва бо фармондорон бар сари чигунагии тавзеи таҷҳизот ва васоили пизишкӣ даргир аст, вазъияти анборҳои доруӣ ба мавзӯъи аслии баҳс дар ин кишвар табдил шудаанд.

 Гуфта мешавад мавҷудиҳои анборҳо дар ҳоли коҳиш аст ва давлати Трамп низ ба ин мавзӯъ эътироф кардааст ва ин дар ҳоле аст, ки захоири роҳбурдии миллии Амрико бузургтарин маркази таъмини дору ва таҷҳизоти пизишкӣ дар замони буҳрон ба шумор меояд.

Амрико умедвор аст аз ин захоир монанди зарродхонаи ҳастаии ин кишвар, ҳаргиз истифода накунад.

Мавҷудии дақиқи ин захоир ифшо нашудааст гар чи рӯзноманигорон гузориш додаанд, ки шомили беш аз ҳазор навъ дору ва колоҳои пизишкӣ ба арзиши ҳудуди 8 миллиард доллар аст.

Захоири роҳбурдии миллӣ дар соли 1999 ташкил шуд ва барои аввалин бор пас аз ҳамалоти ёздаҳуми сентябр ва пас аз он дар ҳамалоти сиёҳзахм ,тӯфонҳои бузург ва зуккоми хукӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Ин анбор бо будҷаи солона ҳудуди 600 миллион доллар, захоири бузурге аз васоил ва таҷҳизоти пизишкӣ дорад, ки муташаккил аз таҷҳизоти ҳифозати шахсӣ монанди ниқобҳои тиббии N95, ҳифози сурат ва либосҳои ҷарроҳӣ ва ҳамчунин таҷҳизоти пизишкӣ монанди дастгоҳи танаффуси сунъӣ аст, ки бемористонҳо акнун барои беморони КОВИД 19 ба шиддат ба онҳо ниёз доранд.

 

 

 

Назарҳо