Апрел 05, 2020 14:45 Asia/Dushanbe
  • Донишманди рус: коронавирус ҳеҷ гоҳ инсонро тарк намекунад

Донишманд ва вирусшиноси барҷастаи Русия мӯътақид аст, ки вируси корона (COVID-19) ҳеҷ гоҳ инсонро тарк намекунад ва эҳтимолан 70 дар сади инсонҳо ба ин вирус мубтало шаванд

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА: Виталий Зверев узви академияи улуми Русия гуфт: ман афродеро, ки мегуянд мо аз ӯҳдаи маҳори вируси корона бармеоем ва онро нобуд мекунем дарк намекунам.

Зверев бо баёни инки бархе мӯътақиданд, ки 200 ҳафта замон барои аз байн бурдани вирус дар инсонҳо ниёз аст афзуд: ин ғайримумкин ва ғайривоқеӣ аст, аз инру корона ҳаргиз аз миёни мо нахоҳад рафт.

Ин донишманди рус гуфт: танҳо ҳоли 20 дар сади мубталоён ба коронавирус вахим аст, аммо маргу мир бар асари ин бемори монанди зуком аст ва ин вирус афродеро аз по дармеоварад, ки иммунитети баданашон  поин  аст.

Зверев иттилооти марбут ба маргумири панҷ дар сад бар асари ибтило ба коронавирусро рад ва таъкид кард: шуюъи коронавирус кам-кам коҳиш хоҳад ёфт, карантин нақши худро бозӣ мекунад ва ба эҳтимоли зиёд тобистони оянда теъдоди мубталоён ба ин беморӣ ба ҳадди ақал мерасад ва хатари марг бар асари коронавирус низ коҳиш хоҳад ёфт  ва шумораи афроде, ки дар баробари COVID-19 имени меёбанд бештар мешавад аммо ин вирус ҳаргиз аз байн намеравад.

Назарҳо