Апрел 06, 2020 11:54 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо дархостҳо барои ҳалли ихтилофот

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба дархости чеҳраҳои сиёсии Афғонистон барои ҳалли ихтилофоти сиёсӣ посухи мусбат доданд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Ваҳид Умар- мушовири умури роҳбурдии раёсатҷумҳурии Афғонистон эълом кард: Ашраф Ғанӣ ба дархости чеҳраҳои сиёсии Афғонистон мабни бар таваққуфи муаррифии аъзои кабина, ин равандро ба муддати панҷ рӯз бо ҳадафи  идомаи музокироти сиёсӣ мутаваққиф кардааст.  

Дафтари матбуотии Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ имрӯз дар баёнияе эълом кард: Абдуллоҳ бо истиқбол аз баёнияе чеҳраҳои сиёсӣ ва бо таваҷҷуҳ ба мушкилот ва чолишҳои Афғонистон, муддати музокира барои ҳалли ихтилофоти сиёсиро тамдид кардааст.  

Шуморе аз чеҳраҳои сиёсии Афғонистон аз ҷумла Ҳомид Карзай -раиси ҷумҳури пешин ва Абдурраб Расул Сиёф, чеҳраи сиёсӣ ва ҷиҳодии шинохташуда, Карим Халилӣ- раиси Ҳизби ваҳдати исломӣ ва Юнус Қонунӣ- раиси собиқи Маҷлиси Афғонистон дар баёнияе муштарак аз Ашраф Ғанӣ хостанд раванди муаррифии аъзои кабинаашро барои поён додан ба буҳрони сиёсии Афғонистон мутаваққиф кунад.  

Онҳо ҳамчунин аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ, ки худро раиси ҷумҳури Афғонистон медонад, хостанд замони эъломшуда барои ҳалли буҳрони сиёсиро тамдид кунад.

Барчасп

Назарҳо