Апрел 08, 2020 10:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Вазорати беҳдошти Афғонистон аз муборизаи

Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон аз талошҳо ва иқдомоти гурӯҳи "Толибон" барои мубориза ва муқобила бо коронавирус дар манотиқи таҳти назорати ин гурӯҳ истиқбол кард.

Ба нақл аз  хабаргузории Тасним, Ваҳидуллоҳ Моёр, сухангӯи Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон гуфт: Сарфи назар аз нияти гурӯҳи "Толибон", давлати Афғонистон аз ҳамкоии ҳар шахс ва ҳар гурӯҳ, ки аз мубориза бо коронавирус ҳимоят кунад, истиқбол мекунад.

Гурӯҳи "Толибон" дар як ҳафтаи ахир талшҳоеро барои афзоиши огоҳии мардум дар бораи коронавирус оғоз карда ва аз мардум хостааст, то дасткаш ва ниқоб истифода карда ва масоили беҳдоштиро риоят кунанд.

 

Барчасп

Назарҳо