Апрел 08, 2020 18:02 Asia/Dushanbe
  • Замингир шудани нови ҳавопаймобари “Шарл де Голл” -и Фаронса ба далели ибтилои коркунон ба бемории корона

Корона нови ҳавопаймобари “Шарл де Голл” -и Фаронсаро ҳам замингир кард.

Вазорати дифои Фаронса имрӯз (чаҳоршанбе) бо эъломи ин хабар гуфт, эҳтимоли шуюъи корона дар ин шиновар вуҷуд дошта ва 40 нафар аз хадамаи он ҳамакунун таҳти назоратҳои дармонии ҷиддӣ қарор гирифтаанд.

Ба гузориши “Форс”, гуфта мешавад бархе аз хадама ва низомиёни ҳозир дар ин шиновари низомӣ алоими мушобеҳи вируси коронаро аз худ нишон додаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар Фаронса бар асоси омори эъломӣ, 109069 мубтало ба вируси ковид-19 ва беш аз 10320 мавриди фавтӣ бар асари ибтило ба ин беморӣ гузориш шудааст.

Пеш аз ин низ дар нови ҳавопаймобари амрикоии “ЮСС Рузвелт” мавориде аз ибтило ба вируси корона дида шуда ва Берт Крозер, фармондеҳи ин нов ба далели ифшои ин масъала аз симати худ барканор шуда буд.

Ин нов ҳамакнун дар савоҳили Гуом паҳлу гирифта ва гуфта мешавад ҳадди ақал 200 нафар аз хадамаи он ба ин вирус мубтало шудаанд.

 

 

Назарҳо