Апрел 09, 2020 19:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти ракетӣ ба бузургтарин пойгоҳи низомиёни Амрико дар Афғонистон

Пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Багроми Афғонистон, ҳадафи ҳамалоти ракетӣ қарор гирифт.

Ториқ Орин, сухангӯи вазорати кишвари Афғонистон эълом кард, панҷ адад ракет субҳи имрӯз(панҷшанбе) аз як дастгоҳи худрав ба сӯи пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Багром дар вилояти Парвони Афғонистон ҳадаф қарор доданд.

Пас аз ин ҳамалоти ракетӣ, ин худрав оташ гирифт.

ДИИШ масъулияти ин ҳамалоти ракетиро бар ӯҳда гирифтааст.

Пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар Багроми Афғонистон ҳамвора мавриди ҳамла қарор мегирад.

 

 

Барчасп

Назарҳо