Апрел 09, 2020 20:25 Asia/Dushanbe
  • Сенатори олмонӣ: Давлати Амрико, мисдоқи ғарби ваҳшӣ аст

Сенатори олмонӣ иқдоми давлати Амрикоро дар тасоҳуби москҳои харидорӣ шуда барои муқобила бо корона, мисдоқи истифода аз тактикҳои ғарби ваҳшӣ хонд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Hill”, Андерс Гизел, сенатор ва вазири дохилии давлати маҳаллии Берлин гуфт, иқдоми давлати Амрико  дар тасоҳуби гангстер(роҳзан)-ии садҳоҳазор моски суфориши пулиси Берлин, дуздии дарёии модерн ва яке аз тактикҳои ғарби ваҳшӣ аст.

Давлати Олмон 3 апрел эълом кард, ширкат “3M” бузургтарин тавлидкунандаи москҳои танаффусӣ дар Амрико  ба дастури Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар аз таҳвили 200 ҳазор моски харидорӣ шудаи пулиси Берлин имтиноъ кард.

Ҳазинаи тамомии ин маҳмула аз қабл пардохт шуда буд.

Бо шуюи ҷаҳонии корона, мақомҳои Аврупо ва Амрико борҳо дар тавсифи рақобати ғайриинсонӣ барои тасоҳуби маҳмулаҳои пизишкӣ, аз иборати "ғарби ваҳшӣ" истифода кардаанд.

Ҷей Робертс Притскер, фармондори иёлати Иллинойс 22 март бо ишора ба буҳрони камбуди таҷҳизоти пизишкии муқобилаи корона дар Амрико, дар тавсифи рақобати иёлатҳои ин кишвар барои дастёбӣ ба таҷҳизот тасреҳ кард, ин ҷо ғарби ваҳшӣ аст.

 

 

Барчасп

Назарҳо