Апрел 10, 2020 16:20 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Абдуллоҳ Абдуллоҳ бар ташкили давлати фарогир дар Афғонистон

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки худро раисҷумҳури Афғонистон медонад гуфт, агар тарҳи давлати фарогир дар ин кишвар пазируфта нашавад, кобина муаррифӣ мекунад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар пайи дархости ҷамъе аз бузургони сиёсии Афғонистон мӯҳлати музокира бо Муҳаммад Ашрафғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон барои расидан ба як тафоҳуми сиёсиро тамдид карда буд, имрӯз ҷумъа ҳушдор дод: “Агар тарҳи ҳукумати фарогир пазируфта нашавад, фардо шанбе фармони давлати ҳамашумулро содир хоҳад кард”.

Фазлаҳмад Маънавӣ, аз аъзои аршади тими “Субот ва ҳамгароӣ” дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ эълом кард, то кунун тавофуқ ва ё пешрафте дар гуфтугӯҳо бо Муҳаммад Ашрафғанӣ сурат нагирифта ва ду тараф бар мавозеи худ пофишорӣ доранд.

Вай афзуд, тақаллуб ва кудато маҳкум ба шикаст аст, қудрат ва эътибор аз они мардум мебошад ва инҳисор, такмеҳварӣ ва тамаркуз поён хоҳад ёфт.

Бар асоси тарҳи Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои эҷоди давлати фарогир ду тими пештози интихобот бояд ҳукумати фарогир ташкил диҳанд ва як тим ба унвони раисҷумҳур ва тими дигар ба унвони нахуствазири иҷроӣ дар сохтори сиёсии ояндаи Афғонистон кор кунанд.

Дар ин тарҳ, ки тавассути расонаҳо мунташир шуда, омадааст, ки раисҷумҳур бояд 40 дарсад дар таъйини вузаро ва мақомоти маҳаллӣ саҳм дошта бошад, аммо нахуствазири иҷроӣ 60 дарсади ин салоҳиятҳоро дорад.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон 28 сентябри 2019 баргузор шуд.

 

 

 

 

Назарҳо