Апрел 21, 2020 13:41 Asia/Dushanbe
  • Даргирии неруҳои давлатии Афғонистон бо шибҳи низомиёни  Толибон дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Афғонистон

Шибҳи низомиёни Толибон дубора дар минтақаи марзии Тоҷикистон бо неруҳои давлатии Афғонистон даргир шуданд.

Бино ба гузориши Садои Хуросон, шабакаи яки телевизиони миллии Афғонистон гузориш дод, даргирии неруҳои давлати бо шибҳи низомиёни Толибон ба наздикии минтақаи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон расидааст. Ин манба ба нақл аз Муҳаммадҷаводи Ҳиҷри, сухангӯи волии Тахор гузориш дод, шаби гузашта дар минтақаи Хоҷаи Ғор  дар марзи Тоҷикистон, 19 муборизи мардуми кушта шуданд. Ҳиҷриӣ гуфт: дар ҳоли ҳозир неруҳои давлат ба ин минтақа эъзом шуданд ва авзоъ дар контроли неруҳои амниятӣ аст. Афғонистон ва Тоҷикистон 1400 километр марзи муштарак бо ҳам доранд, ки дар бештари манотиқи марзӣ ҷангҷуёни Толибон, Доиш, Ал-Қоида ва гурӯҳҳои қочоқи маводи мухаддир тасаллут доранд.