Май 14, 2020 10:07 Asia/Dushanbe
  • Муомилаи қарн ; таъкиде бар мушорикати Амрико ва бархе ҳокимони арабӣ дар эҷоди рӯзи некбат+акс

Дабирхонаи Канфронси байналмилаллии Ҳимоят аз интифозаи Фаластин эълон кард ; тарҳи муомилаи қарн таъкиде бар мушорикати Амрико ва бархе ҳокимони кишварҳои арабӣ дар ҷиноятҳои 72 солаи саҳюнистҳо ва эҷоди рӯзи некбат аст.

Дабирхонаи доимии Канфронси байналмилаллии Ҳимоят аз интифозаи Фаластин Маҷлиси шурои исломии Эрон рӯзи чоршанбе дар остонаи рӯзи некбат дар баёнияе тасриҳ кард ; 72 сол пеш дар 15 моҳи майи 1948 Англия бо дар ихтиёр доштани қаймумияти Фаластин ва барои тадовуми ҳадафҳои истеъмории худ ва доштани пойгоҳи доим дар минтақаи ғарби Осиё,бо Саҳюнизми байналмилаллӣ барои муҳоҷирати яҳудиён ба Фаластин ва ташкили давлати Саҳюнистӣ ба тавофуқ расид.

Дар ин баёния омадааст ; дар ин рӯзи некбат, саҳюнисзми фашизм бо ҳимояти Англия ва Амрико , бо куштори бераҳмонаи 15 ҳазор нафар аз занон, кудакон ва ҷавонони фаластинӣ ва овора кардани садҳо ҳазор нафари дигар , бинои режими ҷонӣ, тероррист, кудаккуш, нажодпараст ва зиди усули инсонӣ ва ҳуқуқи башариро тароҳӣ карданд.

Дабирхонаи Канфронси байналмилаллии ҳимоят аз интифозаи Фаластин бо таъкид бар ин ,ки алоими уфули Амрико ва хуруҷи неруҳои бегона аз минтақа шуру шудааст ва режими ҷаълии саҳюнистӣ ҷое дар ояндаи минтақа надорад ,ёдовар шуд ; бетардид тарҳи Муомилаи қарни Амрико ва хушрақсии маъдуде аз давлатҳои арабии шикастхурда барои одисозии равобит бо саҳюнистҳо,халале дар азми муқовимат ва миллати Фаластин барои озодии сарзамин ва бозгашт ба хонаи модари эҷод нахоҳад кард.

Дабирхонаи Канфронси байналмилаллии Ҳимоят аз интифозаи Фаластин бо ишора ба ин ,ки тарҳи якҷониба ва саҳюнистии Муомилаи амрикоии Қарн, муқовиматро беш аз аҳр замони дигар бар эътиқод ба муқовимат то пирӯзӣ мусамамтар кардааст, таъкид кард ; Фаластин озод хоҳад шуд ва фаластиниҳо базуди ба сарзамини модари ва хонаи худ боз хоҳанд гашт.

Барчасп

Назарҳо