Май 19, 2020 09:13 Asia/Dushanbe

Ҳамзамон бо муборизаи тамомии кишварҳои ҷаҳон бо коронавирус, мардум дар саросари дунё хашми худро нисбат ба тарҳи Трамп дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс иброз хоҳанд кард.

Мисли ҳамеша, мардуми дунё ҳамбастагии худро бо фаластиниҳо иброз хоҳанд кард. Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон, ба унвони ибтикори бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, имом Хумайнӣ барои нишон додани ваҳдат ва ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин ҷашн гирифта мешавад.

Раиси ҷумҳури Амрико, Доналд Трамп дар январи 2020 аз “Муомилаи қарн”-и худ парда бардошт ва иддао кард, ки ин муомила мунҷар ба сулҳ дар ғарби Осиё хоҳад шуд.

Ин тарҳ ба таври густарда ба унвони тарҳе фиребкорона маҳкум шудааст.

Тарҳи муомилаи қарн контроли Исроилро ба таври комил бар Қудс такмил мекунад ва ба режими саҳюнистӣ иҷоза медиҳад то ишғоли сарзамини Фаластинро идома диҳад.

Имсол ҳамзамон бо муборизаи тамомии кишварҳои ҷаҳон бо коронавирус, мардум дар саросари дунё хашми худро нисбат ба тарҳи Трамп дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс иброз хоҳанд кард. Мисли ҳамеша, мардуми дунё ҳамбастагии худро бо фаластиниҳо иброз хоҳанд кард.

Ба ибтикори имом Хумайнӣ, бунёнгузори инқилоби исломӣ, мардуми дунё дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон, Рӯзи ҷаҳонии Қудсро барои ибрози ҳамбастагӣ бо мардуми мазлуми Фаластин гиромӣ медоранд.

 

Барчасп

Назарҳо