Май 20, 2020 15:47 Asia/Dushanbe

Раиси ҷумҳури Амрико дар вокуниш ба таънаи раиси Маҷлиси намояндагони он кишвар, Нанси Плосиро бемори равонӣ хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Доналд Трамп пас аз дидор бо шуморе аз сенаторҳои ҷумҳурихоҳ дар посух ба хабарнигоре, ки назари ӯро дар бораи изҳороти ахири Нанси Плоси- раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ҷӯё шуд гуфт: Плоси як зани бемор аст. Ӯ мушкилоти равонии зиёде дорад.

Трамп ҳамчунин раиси Маҷлиси намояндагони Амрикоро ба таври ғайримустақим ба маъмури Русия будан муттаҳам кард.

Пас аз он ки Трамп эълом кард барои пешгирӣ аз олуда шудан ба вируси корона рӯзона доруи Гидроксихлорохин масраф мекунад, раиси демократи Маҷлиси намояндагони Амрико ӯро  ба сухра гирифт.

Плоси дар як мусоҳиба бо лаҳне танзомез гуфт: Ба рағми ҳамаи ихтилофҳои мавҷуд, Трамп раиси ҷумҳури мо аст ва тарҷеҳ медиҳам вай бо таваҷҷуҳ ба фарбеҳ буданаш, ҳар чизеро нахурад.

Трамп ҳамчунин дар ҷамъи сенаторҳои ҷумҳурихоҳ муддаӣ шуд ҳеҷ кас дар Амрико ба андозаи ӯ дар давраи раёсатҷумҳурияш мавриди озор қарор нагирифтааст.

Бо наздик шудани замони интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико - ноябри 2020- таниши миёни ду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ боло гирифтааст.

 

 

Назарҳо