Май 23, 2020 13:52 Asia/Dushanbe
  • Конфронси байналмилалии

Конфронси байналмилалии "Фаластин - дарди ҷаҳони ислом" дар Қирғизистон баргузор шуд.

Дар ин нишаст мақомоти эронӣ, коршиносони Русия, Қазоқистон, Туркия, Фаластин ва ғайра ҳузур доштанд.

Ба нақл аз Форс, дар ибтилои ҷаласа Ҳокимҷон Ҳоҷиэргашев, муовини муфтии аъзами Қирғизистон дар суханоне, аз ҳимояти ин кишвар аз чунин талошҳое хабар дод.

Вай гуфт: Таҳавулоти нигаронкунандае дар ҳоли ҳозир дар бораи Фаластин сурат гирифта, зимни ин, ки мусалмонони Қирғизистон ҳар сол, ҳимояти худро аз мардуми мазлуми Фаластин, дар қолаби ин гуна нишастҳо эълом мекунанд.

Дар идома Турсунбой Боқирулу, намояндаи собиқи Парлумони Қирғизистон изҳор дошт:

Хушбахтона, масъалаи Фаластин дар Қирғизистон пайваста дар сатҳҳои мухталиф матраҳ мешавад, зимни ин, ки дар қиболи мазлумияти мардуми Фаластин наметавон сокит нишаст.

Ҷумҳурии исломии Эрон низ бо ироаи тарҳе дар ҳимоят аз баргузории ин ҳамапурсӣ, тарҳи худро дар дабирхонаи СММ ва Шӯрои амният ба сабт расондааст.

 

Назарҳо