Май 23, 2020 14:11 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҷузъиёти ҳисоби бонкии шахсии Трамп

Сухангӯи Кохи Сафед ҷузъиёти ҳисоби бонкии шахсии Трампро фош кард.

Кайли Мак Аннани, сухангӯи Кохи Сафед дар ҷараёни як конфронси матбуотӣ, чеки 100 000 долларии кашидашуда аз ҳисоби бонкии раисҷумҳурро, ки тибқи ҳар сол ба яке аз ниҳодҳои давлатӣ эҳдо мешавад, нишон дод, аммо тасодуфан ҳам шумораи ҳисоби бонкии шахсии Трамп ва ҳам дигар ҷузъиёти онро ифшо кард.

Ба нақл аз ИСНА, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳар сол чоряки ҳуқуқи солонаи худро ба арзиши 100 000 доллар, ба яке аз ниҳодҳои давалатии кишвараш эҳдо мекунад ва ин бор ин маблағро ба Вазорати беҳдошт ва хадамоти инсонӣ эҳдо кард, то аз талошҳои суратгирифта барои мубориза ва маҳори коронавирус ҳимоят кунад.

 

Назарҳо