Май 31, 2020 13:45 Asia/Dushanbe
  • Таънаи сангини сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин ба ҳамтои амрикоӣ

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин дар вокуниш ба интиқоди ҳамтои амрикоияш аз тасвиби қонуни амнияти миллии Гонконг дар парлумони Чин, қатли марди сиёҳпӯст ба дасти полиси Амрикоро ба ӯ ёдоварӣ кард.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, Морган Ортагус- сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи якшанбе дар паёме дар Твиттер  аз тасвиби лоиҳаи амнияти миллии Гонконг дар Конгираи миллии халқи Чин интиқод кард ва навишт: Ҳамакнун замони муҳиме аст ва дӯстдорони озодӣ дар сартосари ҷаҳон бояд  дар канори ҳокимияти  қонун истода ва Ҳизби коммунисти Чинро, ки ошкоро тааҳҳудоти худ ба мардуми Гонконгро зери по мегузорад бозхост кунад.

Ҳуо Чунйинг- сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин дар посух ба ин паёми Ортагус танҳо ба навиштани ҷумлаи «наметавонам нафас бикашам» басанда кард.

Ишораи сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин ба охирин ҷумлаҳои марди сиёҳпӯсти шаҳри Минниаполис буд, ки вақте зонӯи полис чанд дақиқа гарданашро мефишурд ба сахтӣ мегуфт «наметавонам нафас бикашам».

Пас аз марги дардноки ин сиёҳпӯсти амрикоӣ бар асари хушунати афсари сафедпӯст, шаҳрҳои мухталифи Амрико ба саҳнаи эътирозоти саросарӣ ба ин рафтори такрории полиси Амрико алайҳи рангинпӯстони ин кишвар табдил шудааст.

 

Барчасп

Назарҳо