Июн 02, 2020 23:14 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Москва ба иттиҳоми даст доштани Русия дар эътирозоти Амрико

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия иттиҳоми даст доштани Москва дар эътирозоти саросарии Амрикоро "дасткории касиф дар иттилоот" тавсия кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории  Тасс, Мария Захарова зимни радди изҳороти Сюзан Ройс мушовири амнияти миллӣ дар давлати собиқи Амрико, ки Москваро ба даст доштан дар эътирозоти саросарии Амрико муттаҳам карда буд ба ӯ тавсия кард, ки як иштибоҳро такрор накунад ва даст ба домони ахбори дуруғин ва дасткории касифи иттилоот нашавад.

Захарова мусоҳибаи Ройс бо шабакаи СиЭнЭнро "Намунаи ошкори пропагандаи бешармона" хонд ва аз мақомоти собиқ ва кунунии Амрико хост ба истифода аз "Корти Русия" поён диҳанд ва ба воқеият баргарданд.

Сюзан Ройс  мушовири амнияти миллии Кохи сафед дар давлати Барак Обама  дар мусоҳибаи рӯзи якшанбе бо шабакаи СиЭнЭн бидуни ироаи ҳеч санад ва мадраке муддаи шуд, ки Русия масъули нооромиҳои ахир дар Амрико ба дунболи қатли нажодпарастонаи Ҷорҷ Фловид аст.

Полиси шаҳри Миниополиси иёлоти  Минисотаи Амрико душанбеи ҳафтаи гузашта  Ҷорҷ Фловид шаҳрванди сиёҳпустро ба шакли ҳавлноке хафа кард ва ба қатл расонд.

Интишори филми қатли Ҷорҷ Фловид, ба шаклгирии эътирозоти густардае дар саросари Амрико мунҷар шуд. 

Барчасп

Назарҳо