Июн 06, 2020 18:39 Asia/Dushanbe
  • Таъсири доруи зидди сӯзиши меъда дар коҳиши нишонаҳои бемории КОВИД-19

Муҳаққиқони донишгоҳи Ҷон Ҳапкинзи Мэриленд дарёфтанд доруи Фамотидин (Famotidine) муҷиби беҳбуди нишонаҳои бемории КОВИД-19 дар гурӯҳе муташаккил аз 10 бемор шуд.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, нишонаҳои беморӣ тибқи гузориши худашон, дар  муддати як ё ду рӯз аз масрафи доруи Фамотидин беҳтар шуда буд.

Муҳаққиқон дар ҳоли ҳозир барои пайи бурдан ба таъсири доруи Фамотидин дар муқобила бо бемории КОВИД-19, бар зарурати анҷоми озмоиши болинӣ таъкид доранд.

Доктор  Омиш Адалҷа, сарпарасти тими таҳқиқ,  дар ин бора мегӯяд: Ин мутолиа моҳиятан хеле кӯчак аст аз инрӯ натиҷагирии қатъӣ дар ин маврид сахт аст.  Афрод  бояд  аз масрафи ин дору бидуни машварат  бо пизишк  худдорӣ намоянд.

Доруи Фамотидин як навъ масдудкунандаи H2 аст; навъе доруи зидди сӯзиши меъда, ки бо коҳиши мизони тавлиди асидҳои меъда, амал мекунад.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, дар авоили шуйюи коронавирус ҳам пизишкон дар мавриди бисёре аз  афроди солхӯрда дар Ухани Чин дарёфтанд, афроде, ки аз бемории КОВИД-19 ҷони солим ба дар бурда буданд доруҳои зидди сӯзиши меъда  масраф мекарданд.

Муҳаққиқон мушоҳида карданд мизони марги беморони мубтало ба КОВИД-19, ки доруи зидди сӯзиши меъда масраф  карда буданд  дар муқоиса  бо афроде, ки ин доруро масраф накарда  буданд  14 дарсад дар  муқобили 27 дарсад  буд.

 

Барчасп

Назарҳо