Июн 06, 2020 19:42 Asia/Dushanbe
  • Туркия парвозҳо ба самти Тоҷикистонро аз сар мегирад

Вазири нақлиёти Туркия аз оғози дубораи парвози ҳавопаймоҳои ин кишвар ба 40 масири хориҷӣ аз ҷумла Тоҷикистон аз миёнаҳои моҳи июн хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон  ба нақл аз сомонаи Спутник, Одилкоро Исмоил Уғлӯ гуфтааст, ки дар маҷмӯъ аз саргирии тадриҷии парвозҳо бо 92 кишвар дар назар мебошад, ки дар моҳи июн ин иртибот бо 40 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон барқарор хоҳад шуд.

Вай аз тавофуқи ниҳоӣ бо мақомоти 15 кишвар дар бораи аз саргирии парвозҳо аз рӯзи 15 июн хабар додааст, ки Тоҷикистон шомили ин барнома мешавад.

Бо ин ҳол Дафтари матбуотии фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе эълом кардааст, ки аз барномаи аз саргирии парвозҳо аз Туркия ба Тоҷикистон иттилоъ дорад, аммо дар ин маврид ҳануз дастури расмие содир нашудааст.

Парвозҳои дуҷониба миёни Туркия ва Тоҷикистон ба далели густариши коронавирус моҳи марти имсол қатъ шуда буд.

 

Барчасп

Назарҳо