Июн 16, 2020 18:25 Asia/Dushanbe
  • Эътирози дидбони ҳуқуқи башар ба ҳазфи номи Арабистони Саудӣ  аз феҳристи давлатҳои кӯдаккуш

Созмони дидбони ҳуқуқи башар аз ҳазфи номи Арабистони Саудӣ аз феҳристи сиёҳи кишварҳои кӯдаккуш дар гузориши дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид интиқод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Пойгоҳи хабарии арабии 21, дидбони ҳуқуқи башар дар баёнияе эълом кард,: "Иқдоми Антонио Гуттереш дар ҳазфи номи Арабистони Саудӣ аз ин феҳраст бо дархостҳои ӯ барои талош дар заминаи ҳуқуқи башар дар тазод аст.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар илова кард, ки муносибати Гутерриш шубҳаро дар бораи ӯҳдадории ӯ дар ҷазо додани вайронкунандагони ҳуқуқи кӯдакон зиёд мекунад. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар як изҳорот гуфт, ки Гутерриш инчунин дар гузориши худ амалҳои зидди ҳуқуқи башари ИМА ва Исроилро нодида гирифтааст.

Рӯзи душанбе Гуттереш Арабистони Саудӣ ва ҳампаймононаш дар  ҳамла ба Яманро аз рӯйхати сиёҳи нақзи ҳуқуқи кӯдакон хориҷ кард.

Созмони Милали Муттаҳид моҳи октябри соли 2017 эътилофи таҷовузкорони Саудиро ба далели куштани дасти кам 683 кӯдак ва ҳамла ба даҳҳо мактабро дар Яман, ба рӯйхати сиёҳи нақзкунандагони ҳуқуқи кӯдакон афзуда буд.

Барчасп