Июл 01, 2020 13:36 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Ҳар рӯз хашмам аз Чин бештар мешавад

Раиси ҷумҳури Амрико, ки ба кутоҳӣ дар муқобила бо корона муттаҳам аст гуфт: Ҳар рӯз асабонияташ аз Чин бештар мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Доналд Трамп бомдоди чаҳоршанбе дар паёми твиттерӣ навишт: Ҳарчи бештар мебинам, ки ҳамагирии корона рӯйи зишти худро дар саросари ҷаҳон густариш медиҳад ва хисорати бузурге ба Амрико мезанад, бештару бештар аз дасти Чин асабонӣ мешавам.

Трамп ба ҳамроҳи бархе дигар аз мақомҳои давлаташ Чинро ба тавлиди вируси корона ва анҷом надодани иқдомоти лозим барои пешгирии ба мавқеъ аз густариши он муттаҳам мекунанд.

Чин бо радди иттиҳомҳо эълом кардааст, ки беш аз ҳар кишвари дигаре барои маҳори вируси корона дар ҷаҳон талош карда ва бештарин ҳазинаҳоро пардохтааст.

Интиқодҳо аз Трамп ба далели мудирияти нокоромади буҳрони корона дар Амрико ҳамчунон идома дорад.

Антони Фаочи- раиси Муассисаи миллии алергӣ ва бемориҳои сироятии Амрико бо ишора ба олуда шудани рӯзона беш аз 40 ҳазор нафар ба вируси корона дар ин кишвар эълом кардааст агар шумори рӯзонаи мубталоён ба 100 ҳазор нафар ҳам бирасад, ҷойи тааҷҷуб нест.

 

Барчасп

Назарҳо