Июл 02, 2020 18:44 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи Конгресси Амрико барои эъмоли маҳдудияти дигаре барои Трамп

Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Маҷлиси намояндагони Амрико бо тасвиби мутаммиме барои қонуни ихтиёроти дифои миллии ин кишвар, ихтиёроти Трампро барои хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Аврупо маҳдуд кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин мутаммим, ки онро Дон Бекин, намояндаи ҷумҳурихоҳи иёлати Небраска ва Робин Галго, намояндаи демократи иёлати Аризона ироа карда буданд, чоршанбешаб бо 49 раъйи мувафиқ дар баробари 7 раъйи мухолиф, дар Кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи Маҷлиси намояндагони Амрико ба тасвиб расид.

Тибқи ин мутаммим, буҷаи лозим барои коҳиши нерӯҳои амрикоӣ дар Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ танҳо дар сурате таъмин хоҳад шуд, ки муҷаввизҳои лозим барои он гирифта шуда бошад.

Раисҷумҳури Амрико ахиран аз тасмими худ барои коҳиши шумори нерӯҳои амрикоии мустақар дар Олмон аз 34 500 нафар ба 25 000 хабар дод.

 

Барчасп

Назарҳо