Июл 07, 2020 18:49 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як мақоми Агентии фазоии Россия

Мушовири Агентии фазоии Россия ба хиёнат муттаҳам ва боздошт шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ройтерз, Агентии фазоии Россия дар баёнияе, эълом кард Иван Сафронов мушовири раиси ин агентӣ, имрӯз ба иттиҳоми хиёнат ва ирояи асноди маҳрамонаи давлатӣ ба яке аз узви Созмони Паймони Атлантикаи шимолӣ-Нато боздошт шуд.

Дар баёнияи Агентии фазои Россия омадааст боздошти Иван Сафронов хабарнигори пешин ва мутахассиси умури низомӣ, бо фаолияташ дар агентӣ ба унвони мушовири Дмитрий Рагозин мудири кул, иртиботе надорад.

Сафронов моҳи май ба унвони мушовири матбуотӣ, ҳамкории худро бо оАгентии фазоии Россия оғоз кард. 

Барчасп

Назарҳо