Июл 07, 2020 18:53 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии Раиси Ҷумҳурии Афғонистон аз Эрон

Раиси Ҷумҳурии Афғонистон аз Эрон ва чанд кишвари минтақа ба далели бознигаҳ доштани марзҳои транзитии худ, қадрдогӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Муҳамад Ашраф  Ғанӣ дар маросими ифтитоҳи нишасти машваратии кишварҳои минтақа ва ҳамсоя ки ба сурати видео-конференсия дар Кобул баргузор шуд, аз кишварҳои минтақа ба вижа Эрон , Покистон , Ӯзбакистон , Туркманистон , Ҷумҳурии Озарбойҷон , Қазоқистон , Ҳинд ва Туркия ки марзҳои тиҷории худро барои транзиту вуруди коло ба Афғонистон дар замони шуюъи вируси корона боз нигаҳ дошта буданд ташаккур кард .Ашраф Ғанӣ гуфт : Иқдоми ин кишварҳо боис шуд Афғонистон бо камбуди маводи аввалия дар шароити корона рӯ ба рӯ нашаваду ин намуна ҳамкории хуби тиҷоратӣ аст . Муҳамади Ашрафи Ғанӣ ҳамчунин бо ишора ба таҳдидҳо ва хатарҳои пеши рӯи сулҳ дар Афғонистон гуфт : агар гурӯҳи Толибон ба ҷанг идома диҳад , раванди сулҳи Афғонистон бо чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд . Нишасти машваратии бист  кишвари минтақа , ҳамсоя ва созмонҳои ҷаҳонӣ бо ҳадафи кӯмак ба барқарории сулҳ дар Афғонистон ба сурати видеоии асри душанбе дар Кобул баргузор шуд .

Барчасп

Назарҳо