Июл 12, 2020 17:50 Asia/Dushanbe
  • Озмоиши муваффақи ваксинаи коронавирус дар Русия

Мудири бахши пажӯҳишҳои пизишкӣ ва зистфанноварии Донишгоҳи Сеченеви Маскав эълом кард: Нахустин бор дар ҷаҳон озмоиши болинии ваксинаи коронавирус бо мауваффақият рӯи довталабони ин донишгоҳ анҷом шуд.

Вадим Тарасов бо эъломи ин хабар ба РИА Новости гуфт: Корозмоии ваксинаи коронавирус дар Русия муваффақиятомез будааст.

Тарасов афзуд: Нахустин бор аст, ки ваксинае алайҳи коронавирус бар рӯи инсонҳо муваффақиятомез амал мекунад.

Озмоиши болинии ваксинаи вирусҳо барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи коронавирус, моҳи июни гузашта дар Донишгоҳи Сеченев бо ширкати 38 довталаб калид хӯрд.

 

 

Барчасп

Назарҳо