Август 04, 2020 18:19 Asia/Dushanbe
  • Бузургтарин иштибоҳи таърихи Амрико аз назари Трамп

Раиси Ҷумҳурии Амрико дар умури Ғарби Осиёро бузургтарин иштибоҳи таърихи кишвараш донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Доналд Трамп дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии амрикоии Аксиюс гуфт эъзоми нерӯи низомӣ ба минтақаи Ғарби Осиё ва мудохила дар умури он минтақа бузургтарин иштибоҳ дар таърихи Амрико будааст. 

Раиси Ҷумҳурии Амрико ҳамчунин дар ин мусоҳиба муддаӣ шуд,ки дар давраи раёсати ҷумҳурии ӯ корҳои зиёде анҷом шуда,ки дар давраҳои руасои ҷумҳурии собиқи ин кишвар сурат нагирифта ва Вашингтон гуруҳи террористии ДИИШ-ро нобуд кардааст.

 

Трамп дар ин мусоҳиба аз коҳиши теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон дар муддати кӯтоҳе ба 8 ҳазор сипас ба 4 ҳазортан низ хабар дод.

Вай дар ин мусоҳиба замони дақиқе барои ин тасмим эълон накард, аммо гуфт ин иттифоқ хеле зуд рух хоҳад дод.

Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2011 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният ба Афғонистон ва сипас дар соли 2003 ба Ироқ юриш бурданд.

Бӯҳрони Сурия низ аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гуруҳҳои террористии мавриди ҳимояти Амрико ва муттаҳидонаш аз ҷумла Арабистон барои тағири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд. 

Барчасп