Сентябр 12, 2020 11:14 Asia/Dushanbe
  • Бомбафканҳои Амрико ҳамалот ба Русияро шабеҳсозӣ карданд

Фармондеҳи неруҳои ҳавофазои Русия эълом кард: Бомбафканҳои роҳбурдии «B- 52» Амрико авохири моҳи август ҳамалот ба Русияро шабеҳсозӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Сергей Соровикин бо ҳушдор дар бораи размоишҳои низомии Амрико дар муҷовирати марзи Русия эълом кард, ки Вашингтон дар бахше аз ин размоишҳо, ҳамалот ба Русияро аз Эстония ва Канада шабеҳсозӣ кардааст.

Фармондеҳи неруҳои ҳавофазои Русия ҳушдор дод: Ин размоишҳо бо ҳузури бомбафканҳои стратегии Амрико дар наздикии марзи Русия, «ғайри дӯстона ва таҳрикомез» аст.

Вай афзуд: Ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба дафаот талош карданд ба марзи Русия наздик шаванд, аммо ҷангандаҳои Русия монеъи иқдоми онҳо шудаанд.

Мақомҳои низомӣ ва сиёсии Русия борҳо ба кишварҳои узви НАТО ба вижа Амрико дар бораи таҳаррукоти низомӣ дар манотиқи ҳамҷавори Федератсияи Русия дар манотиқи мухталиф аз шарқи Аврупо гирифта то қутби шимол ҳушдор додаанд ва Маскав дар барои муқобила бо ин таҳаррукот даст ба иқдомоте аз қабили истиқрори сомонаҳои мушакӣ ва падофандӣ аз қабили  С-400 задааст.

 

Барчасп