Сентябр 14, 2020 20:38 Asia/Dushanbe
  • Шиддат гирифтани ҷанг дар Афғонистон ҳамзамон бо музокироти сулҳ

Толибон дар талош аст бо густариши ҷанг дар манотиқи мухталифи Афғонистон хостаҳои ҷадиди худ, аз ҷумла таъсиси Аморати Исломӣ ва раҳоии 7000 узви дигари Толибонро ба давлати Ашраф Ғанӣ таҳмил кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҳоле, ки нахустин давраи музокироти сулҳ миёни давлати Афғонистон ва Толибон дар Дуҳаи қатар дар ҳоли баргузорӣ аст, гурӯҳи Толибон ин рӯзҳо ҳамалоти худро дар 18 вилояти ин кишвар густариш додааст.

Аз вилояти Бағдод дар шимоли Афғонистон хабар мерасал. ки ҷанги шадиди Толибон талафоти зиёде ба нерӯҳои давлатӣ ворид кардааст.

 

Узви Шӯрои вилояти Бағлон Фирӯзиддин Аймак гуфт:бар асари набардҳои шадиде, ки аз 4 рӯз пеш дар шаҳристонҳои ин вилоят миёни нерӯҳои амниятии Афғонистон ва Толибон оғоз шудааст то рӯзи душанбе 40 нерӯи амниятӣ кушта ва захмӣ шудаанд ва бархе аз шаҳристонҳои ин вилоят, аз ҷумла Тале, Барфак ва Бараке суқут карданд.

Пеш аз ин ҳам ҷанги шадиде дар шаҳри Мангҷики вилояти Ҷавҷон, зодгоҳи Абдуррашид Дӯстум, як ҷанги шадид аллакай оғоз шудааст, ки то ҳол идома дорад.

Ҳамлаи Толибон ба вилояти Бадахшон дар шимоли-шарқии Афғонистон ҳам аз сӯи нерӯҳои амниятӣ дафъ шуд.

Сухангӯи фармондеҳии артиш дар шимоли-шарқии Афғонистон эълом кард: гурӯҳе аз аносири Толибон шаби гузашта аз чандин меҳвар ба посгоҳҳои нерӯҳои амниятӣ ва мардуми дар вилояти Бадахшон ҳамла карданд, ки ҳамалоти онҳо ба ақаб ронда шуд.

Дар ин ҳамлаҳо 17 узви Толибон ва се узви шӯриш  кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо дар ҳоле идома доранд, ки Маъсум Станекзай, раҳбари гурӯҳи музокироти ҳукумати Афғонистон бо Толибон, гуфтааст, ки агар афғонҳо музокиротро оғоз кунанд, барои афғонҳо ҷангро идома додан дар ин кишвар қобили қабул нахоҳад буд.

Барчасп