Сентябр 23, 2020 12:47 Asia/Dushanbe
  • Равиши содда барои нобудии корона дар 15 сония!

Донишмандон дар таҳқиқоти ахири худ тавонистанд як равиши соддаву корбурдӣ барои аз байн бурдани вируси корона дар 15 сонияро кашф кунанд .

 Ба гузориши хабарнигори гурӯҳи илмии пизишкии Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон , бо гузашти чандини моҳ аз шуюъи корона дар ҷаҳон ва талоши донишмандон барои кашфи ваксина ва доруи ин беморӣ то кунун ҳеч дармоне барои он кашф нашуда аст ва танҳо роҳи дар амон мондан аз ин вируси манҳус риояти дастуруламалҳои беҳдоштии эъломшуда аз сӯии мақомоти беҳдоштӣ ё тандрустӣ аст .

Донишмандони донишгоҳи Коннектикута дар Массачусетси Амрико дар таҳқиқоти ахири худ ба ин натиҷа даст ёфтаанд, ки моддаи ёд метавонад дар аз байни бурдани коронавирус таъсиргузор бошад. Ба гуфтаи ин донишмандон моддаи ёд зиддиуфуникунандаи муносибе дар баробари вируси корона аст ва 15 сония шустушӯии даҳону бинӣ бо он вирусро аз байн хоҳад бурд.

 Ин муҳаққиқони амрикоӣ, ҳангоме ки намунаҳои вируси коронаро дар баробари се омехтаи мухталифи маҳлули ёди 0.5 дарсад , 1. 25 дарсад ва 2.5 дарсад озмоиш карданд , мушаххас шуд, ки маҳлули ёд дар муддати 15 сония вирусро комилан ғайрифаъол мекунад , аммо замоне ки ҳамон озмоишро бо спирти этилӣ анҷом доданд, вирус ҳамчунон фаъол буд .

 Ба гуфтаи донишмандон ҳатто маҳлули тунуки 0 . 5 дарсадии ёд ҳам метавонад дар 15 сония вируси коронаро аз байн бибарад ва ин нишондиҳандаи хосияти зиддиуфуникунандагии қавии маҳлули ёд аст .

 Бинӣ ва даҳон яке аз аслитарин маҳалҳои вуруди вируси корона ба бадани инсон ҳастанд, ки бо зиддиуфунӣ кардани онҳо тавассути маҳлули ёд дар 15 сония метавон вируси коронаро аз байн бурд .

 

Барчасп

Назарҳо