Сентябр 23, 2020 22:11 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди вазири умури хориҷаи Олмон аз  террори сардор Сулаймонӣ

Валири умури хориҷаи Олмон аз раисҷумҳури Амрико ба далели дастур додан ба террори фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Эрон ба шиддат интиқод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз бошгоҳи хабарнигорони ҷавони Эрон ,  Ҳайко Мосс гуфт : ин иқдоми бисёр хатарнок буд ва метавонист мӯҷиби ҷанги густарда дар Ғарби Осиё шавад .
Вазири умури хориҷаи Олмон  афзуд : Доналд Трамп раисҷумҳурии Амрико аз бӯҳронҳои дохилӣ ба унвони абзоре барои басиҷи  тарафдоронаш истифода мекунаду ҳадафи вай ин аст, ки аксариятиро ба нафъи худаш ба вуҷуд оварад .
Сардор  Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ва ҳамроҳонаш  сеюми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористии амрикоӣ дар фурӯдгоҳи Бағдод  пойтахти Ироқ ба шаҳодат  расиданд.
Сардор Сулаймонӣ ба даъвати давлати Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд .
Бар асоси эъломи вазорати дифои Амрико , Пентагон, дастури ин ҳамлаи террористиро Доналд Трамп содир карда буд .
Сардор  Сулаймонӣ чеҳраи барҷастаи мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ ва террористӣ, аз ҷумла  ДИИШ дар минтақаи Ғарби Осиё буд .

Барчасп

Назарҳо