Сентябр 30, 2020 14:01 Asia/Dushanbe
  • Кашфи далели маргбор будани корона дар бархе афрод

Олимон мегӯянд, нокифоягии интерферон метавонад боиси марги Ковид - 19 дар баъзе одамон гардад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз торнамои  шабакаи хабарии Ал-Олам, натоиҷи охирин таҳқиқот нишон медиҳад бемороне, ки ба коронаи  шадид гирифтор шудаанд модаи ҳаётӣ ба номи интерферон дар бадани худ надоранд .
Интерферонҳо молекулаҳое аз навъи прутеин  ҳастанд, ки ҳуҷайраҳои мизбони олуда ба вирус  озод месозад ва мӯҷиби таҳрики системаи эминӣ ва афзоиши муқовимати бадан мешаванд .
Интерферон‌ҳо ба ҳуҷайраҳо дар баробари уфунатҳои вирусӣ муқовимат мебахшанду дар вокунишҳои эминии табии бадан ширкат доранд .
Шавоҳид нишон додааст дар бемороне, ки ба шакли шадиди Ковид - 19 мубтало шуда ва дар бемористон бистарӣ шудаанд посухи инткрферон ба вируси коронаи заиф ё ноқис буда ва ҳамин амр  боиси нотавонии системаи эминии бадани онҳо дар нобудии вирус шудааст .

Барчасп

Назарҳо