Сентябр 30, 2020 19:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Чин дар бораи ҳадаф гирифтани паҳподҳо ва ҷангандаҳои Амрико

Пекин ба Вашингтон ҳушдор дод дар сурати ҳамлаи ҳавоии паҳподҳо ё ҷангандаҳои амрикоӣ ба хоки Чин , Пекин бедиранг онҳоро ҳадаф қарор хоҳад дод .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз рӯзномаи Глобал таймс Чин, манбаҳои низомии ин кишвар эълом карданд Пекин метавонад ба роҳатӣ паҳподҳои ҷосусии MQ-9 Reaper Амрикоро ҳадаф қарор диҳад ;ба хусус инки ба тозагӣ расонаҳои амрикоӣ эълом кардаанд нерӯи ҳавоии ин кишвар сомонаҳоеро дар ин ҳавопаймоҳо тарроҳӣ карда аст, ки Чинро дар он душман нишон медиҳад .

 Ба навиштаи Глобал таймс Чин, ин гумоназанӣ вуҷуд дорад, ки давлати Трамп бо эҷоди як буҳрони низомии зидди Чин , корзори интихоботии худро тақвият мекунад .

 Пекин борҳо бо хатарнок хондани иқдомҳои таҳрикомези Вашингтон, бавижа парвози паҳподҳои амрикоӣ наздики марзҳои Чин, ҳамчун тангии байни Тайван ва  баҳри Чини ҷанубӣ эълом карда аст, ки дар сурати ҳар гуна ҳамла , аҳдофи душманро бидуни мулоҳиза нобуд хоҳад кард .

 

Барчасп

Назарҳо