Октябр 01, 2020 18:23 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Русия бо бозгашти таҳримҳои зиддиэронӣ

Намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард, ки таҳримҳо алайҳи Эрон боз нахоҳад гашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз ИРНА, Василий Небензя рӯзи панҷшанбе дар нишасти Шӯрои  Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар суханоне ба муносибати оғози раёсати давраии Русия бар Шӯрои  Амният дар моҳи октябр, гуфт: он чӣ ки қатъан иттифоқ нахоҳад афтод, бозгашти таҳримҳо алайҳи Эрон аст .
Небензя афзуд: масъалаи бозгашти таҳримҳо алайҳи Эрон, ки Амрико бар он исрору пофишорӣ дорад дигар дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид  мавриди баҳс қарор нахоҳад гирифт .
Амрико бо хориҷ шудани якҷониба аз тавофуқи ҳастаӣ дар соли 2018, ин тавофуқи байналмилалӣ ва қатъномаи 2231 дар таъйиди онро поймол кард .
 Майк Пампео вазири хориҷаи Амрико  19 сентябр муддаӣ шуд тамоми таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид  алайҳи Эрон, аз ҷумла  таҳримҳои таслеҳотӣ, эҳё шуданд, аммо рӯзи 20 сентябр  аъзоии тавофуқи ҳастаӣ ва низ кишварҳои узви Шӯроии Амнияти СММ иддаои  Амрикоро рад карданд .
Бар асоси қатъномаи 2231 Шӯроии Амнияти Созмони Милали Муттаҳид  таҳрими таслеҳотии Эрон 18 октябри соли 2020 поён меёбад .

Барчасп

Назарҳо