Октябр 06, 2020 16:14 Asia/Dushanbe
  • Буҳрони корона ва таъкиди 26 кишвари ҷаҳон бар поёни таҳримҳои Амрико

26 кишвари ҷаҳон бо эъломи ин ки таҳримҳои иқтисодии золимонаи Амрико ва бархе кишварҳои ғарбӣ алайҳи кишварҳои мустақил ба монеи бузурге барои муқобила бо вируси корона табдил шудааст, поён додан ба ин вазъиятро хостор шуданд.

Ба гузориши ИРНА, намояндаи Чин баёнияи муштараки ин кишварҳоро дар ҷаласаи сеюми Маҷмаи умумии Созмони Милал, вижаи ҳуқуқи башар хонд.

Ин 26 кишвар, аз ҷумла Эрон, Русия, Чин, Ироқ ва 9 кишвари африқоӣ, Кореяи Шимолӣ, Белорус ва дигар кишварҳо дар баёнияи худ таъкид карданд, ки кишварҳои таҳримкунанда бо нақзи ҳуқуқи башар монеи талошҳо барои муқобила бо бемории ҳамагири Ковид -19 мешаванд.

Дар ин баёния бо баёни ин ки буҳрони корона ҳамчунон ба таври ҷиддӣ бар ҳамаи миллатҳо, ба вижа кишварҳои дар ҳоли тавсеа таъсир мегузорад, омада аст: Ҳамбастагии ҷаҳонӣ ва ҳамкории байналмилалӣ барои муқобила бо ин вирус зарурӣ аст.

Таҳримҳои якҷонибаву золимонаи Вашингтон, ки шомили ақломи асосӣ ва ҳатто доруиву пизишкӣ мешавад, боиси эҷоди мушкилоти фаровоне барои мардуми кишварҳои таҳти таҳрими Амрико, ба вижа беморони коронаӣ шудааст.

 

 

Барчасп