Октябр 21, 2020 21:55 Asia/Dushanbe

Ҳаҷвнигори телевизиони Италия Аллиси Мартинелли дар ҳошияи мулоқоти вазири корҳои хориҷии Итолиё Ҷузеппе Конте бо котиби давлатии Амрико Майк Помпео як пораи панири Пармезан, ки ҷузви ғизои сагҳо маҳсуб мешавад, ба Пампео ҳадя кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; интишори видеоӣ аз ин рӯзноманигори итолиёвӣ ба Майк Помпео тӯҳфаи худро бо номи "Хӯроки сагҳо" дар шабакаҳои иҷтимоӣ боло гирифт.

Ӯ дар ҳини додани ин панир ба Пампео, ки дар ҳоли омодасозии конференсияи матбуотӣ бо ҳамтои итолиёвии худ буд ба вай гуфт: "Хӯроки сагҳоро бихӯред, то шумо содиқ буданро ёд гиред" .

 Унсурҳои амниятии Италия, ки дар нишаст ҳузур доштанд, фавран ин манзараро дида, ӯро аз толор берун оварданд

Барчасп

Назарҳо