Октябр 22, 2020 17:40 Asia/Dushanbe
  • Аксари овоздиҳандагони амрикоӣ аз он ки Трамп натиҷаҳои интихоботро рад мекунад, нигарон ҳастанд.
    Аксари овоздиҳандагони амрикоӣ аз он ки Трамп натиҷаҳои интихоботро рад мекунад, нигарон ҳастанд.

Натоиҷи назарсанҷиҳои ҷадид дар Амрико нишон медиҳад аксари раъйдиҳандагони амрикоӣ нигарони напазируфтани натоиҷи интихобот аз сӯи раиси ҷумҳурии ин кишвар ҳастанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии  Axius "Аксюс", ҳамзамон бо пештозии Ҷо Бойден номзади Демократҳо дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико дар иёлотҳои калидӣ ва дар сатҳи миллӣ, натоиҷи назарсанҷии " Си Эн Би Си" ва ширкати таҳқиқотии Changes " Ченҷ" нишон дод аксарияти раъйдиҳандагони амрикоӣ 52 дарсад то ҳадде ё бисёр нигарон ҳастанд, ки Раиси Ҷумҳурии ин кишвар Доналд Трамп натоиҷи интихоботро дар сурати шикаст напазирад .
Ин назарсанҷӣ, шомили 63 дарсад аз занони таҳсилкардаи донишгоҳӣ ва 48 дарсад аз занони сафедпӯсти табақаи коргар аст.

 бештар бихонед :

Нигоҳе ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ва афзоиши таблиғоти ду номзад алайҳи якдигар.


Бар асоси ин назарсанҷӣ, Бойден бо ихтилофи 10 воҳидӣ дар сатҳи миллӣ ва 2 воҳидӣ дар ҳар як аз иёлотҳои калидӣ аз Трамп ҷилавтар аст.

Бар асоси ин гузориш, Трамп борҳо аз баёни ин ки оё ба интиқоли мусолиматомез қудрат дар сурати шикаст дар муқобили Бойден, ризоят хоҳад дод, худдорӣ кардааст.

Натоиҷи аксари назарсанҷиҳо дар моҳҳои ахир дар Амрико, аз пештозии Бойден нисбат ба Трамп ҳикоят дорад .

Сиёсатҳои мутаноқиз, фасоди ахлоқӣ, рафторҳои пешбинӣ нашудау сӯимудирияти Трамп, коҳиши маҳбубияти вайро ба дунбол доштааст.

Барчасп

Назарҳо