Октябр 24, 2020 14:46 Asia/Dushanbe
  • Трамп бо фишори шадид тавонист Судонро ба робита бо Исроил розӣ кунад
    Трамп бо фишори шадид тавонист Судонро ба робита бо Исроил розӣ кунад

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар умури байналмилал гуфт, Судон ба дастури Амрико ва дар баробари дарёфти 300 миллиондоллар аз Арабистони Саъудӣ бо режими саҳюнистӣ робита барқарор кардааст.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар умури байналмилал рӯзи шанбе дар сафҳаи шахсии худ дар “Твиттер” навишт: “мардуми фаҳими Судон ҳаргиз ба ормони Қудс хиёнат нахоҳанд кард”.

Амирабдуллоҳиён афзуд, бе тардид Исроили ҷое дар ояндаи минтақа надорад.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрикои рӯзи ҷумъа аз оддисозии равобит миёни Судон ва режими Саҳюнистӣ хабар дод.

Давлати Трамп бо фишори шадид тавонист Судонро ба гушӯдани равобит бо режими саҳюнистӣ розӣ кунад.

Афзоиши мухолифати судониҳо бо оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ

Гушӯдани равобит миёни Судон ва Исроил пас аз он сӯрат гирифт, ки Трамп ба Конгресси Амрико эълом кард, ки қасд дорад Судонро аз феҳрасти ҳомиёни молии терроризм хориҷ ва ин кишварро аз пардохти 335 миллиондоллар барои ҷуброни хисорати қурбониёни амрикоии терроризм муоф кунад.

Дар айни ҳол манобеи давлатӣ дар Судон ба хабаргузории Райтерз гуфтанд, ки нахуствазири давлат интиқолии оддисозии равобит бо Исроилро машрӯт ба мувофиқати порлумон кардааст.

Гурӯҳҳои мухталифи фаластинӣ ин иқдоми давлати Судонро маҳкӯм кардаанд.

БЕШТАР БИХОНЕД:

Такзиби тавофуқи Шӯрои ҳокимияти Судон бо режими саҳюнистӣ

Мақоми кувейтӣ: савори қатори оддисозии равобит бо Исроил намешавем

Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ оддисозии равобит бо Исроилро маҳкӯм кард

 

Барчасп

Назарҳо