Октябр 27, 2020 18:42 Asia/Dushanbe
  • Мурис Сине – карикатуристи собиқи нашрияи “Шарли Эбдо” чопи Фаронса
    Мурис Сине – карикатуристи собиқи нашрияи “Шарли Эбдо” чопи Фаронса

Дар ҳоле ки нашрияи “Шарли Эбдо” худро пайрави аслии озодии баён медонад, яке аз кормандони собиқи ин нашрия дурӯғин будани ин иддаоро фош карда буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҳафтаҳои ахир нашрияи “Шарли Эбдо”, чопи Порис дубора интишори карикатураҳои тавҳиномез ба ҷойгоҳи паёмбари акрам (с) - ро аз сар гирифтаву Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса низ борҳо бо иддаои дифоъ аз озодии баён, аз ин рафтор ҳимоят кардааст.

Дифои раиси ҷумҳурии Фаронса аз озодии куфргӯӣ 

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2008 Мурис Сине (Maurice Siné), яке аз карикатуристҳои маъруфи нашрияи “Шарли Эбдо” ба далели кашидани карикатурае аз писари Николай Саркози, раиси ҷумҳурии вақти Фаронса, ки нишон медод вай барои расидан ба пул ба яҳудият гаравида, ихроҷ шуд.

 

Карикатуристи ихроҷшудаи “Шарли Эбдо” баъд аз ҳодисаи ҳамла ба дафтари ин нашрия дар соли 2015 навишт: “Ман Шарли нестам... Ман Сине ҳастам. Ман қаблан ба унвони карикатурист барои нашрияи “Шарли Эбдо” кор мекардам.

 

Дар соли 2008 карикатурае аз писари Саркози кашидам, ки нишон медод ӯ ба далоили молӣ яҳудӣ шуда буд ва ихроҷ шудам. Шарлӣ аз ман хост то узрхоҳӣ кунам ,вале ман напазируфтам. Шарли маро ба иттиҳоми масхара кардани яҳудият ихроҷ кард”.

 

Сине, ки ҳозир ба узрхоҳӣ нашудаву дар ниҳоят ихроҷ шуд, бо шикояти Анҷумани байналмилалии зидди нажодпарастӣ ва яҳудиситезӣ ( LICRA ) ба додгоҳ кашида шуд ва дар июли 2008 низ 20 нависандаву сиёсатмадори фаронсавӣ дар номае, ки дар рӯзномаи “Ле Монд” мунташир шуд, аз ихроҷи Сине ҳимоят карданд.

Бисёрии давлатҳо, расонаҳо ва бархе карикатуристҳо дар мавзӯи озодии баён ва озодии матбуот, меъёрҳои дугонае доранд, ба гунае, ки тавҳин ба Ислом, мусулмонон ва ҳазрати Муҳамад (с) -ро ҷоиз медонанд, аммо кӯчактарин ишора ба яҳудиҳоро яҳудиситезӣ тафсир мекунанд ва ба он вокуниши шадид нишон медиҳанд.

 


 

Бештар бихонед:

 


 

Барчасп

Назарҳо