Ноябр 25, 2020 18:02 Asia/Dushanbe
  • Дар шабонарӯзи ахир 491 нафар дар Русия бар асари корона ҷон бохтанд
    Дар шабонарӯзи ахир 491 нафар дар Русия бар асари корона ҷон бохтанд

Афзоиши қурбониёни корона дар Русия 24 соати ахирро ба маргбортарин рӯзи Русия табдил кард.

Ба гузориши ИРНА, Ситоди мубориза бо корона дар Русия эълом кард, дар шабонарӯзи ахир 491 нафар дар ин кишвар бар асари корона ҷон супурдаанд, ки маргбортарин рӯзи коронаӣ дар Русия аз оғози ҳамагирӣ то кунун маҳсуб мешавад.

Бар ин асос маҷмӯи ҷонбохтагони корона дар Русия ба 37 ҳазору 31 нафар расидааст.

Ҳамчунин бо шиносоии 24 ҳазору 326 бемори ҷадид дар Русия шумори афроди мубталошуда ба корона дар ин кишвар ба 2 миллиону 138 ҳазору 838 нафар расид.

Афзоиши чандбаробарии шумори афроди мубтало ба корона ва омори марг бар асари ин беморӣ дар Русия нигаронии масъулони ин кишварро барангехта аст.

Татяна Голикова, раиси Ситоди мубориза бо корона дар Русия гуфтааст, ки омори рӯзонаи ибтило ба корона дар Русия аз аввали моҳи октябр то рӯзи 23 ноябр 2,8 баробар афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Голикова, авзоъ бар асари густариши Ковид -19 дар Русия рӯз ба рӯз душвортар мешавад ва ин вазъият бо фаро расидани тирамоҳ (пойиз) ва зимистон иртибот дорад.

Вай афзуд, ваксиносюни густардаи корона дар Русия аз соли 2021 оғоз мешавад.

Раиси Ситоди мубориза бо корона дар Русия гуфт, то кунун 117 ҳазор доза ваксинаи корона аз навъи “Спутник V» дар Русия тавлид шудааст ва интизор меравад то поёни сол 2 миллион доза аз ин ваксина тавлид шавад.

 

Бештар бихонед: