Ноябр 26, 2020 20:35 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров
    Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров

Вазири умури хориҷаи Русия, Амрико ва Европаро ба мудохила дар умури дохилии Русия ва Белорус муттаҳам кард.

Ба гузориши Ирна, Лавров вазири умури хориҷаи Русия имрӯз дар поёни дидор бо Александр Лукашенко раиси Ҷумҳурии Белорус дар Минск гуфт: Амрико ва Иттиҳодияи Европа талош мекунанд дар фарояндҳои дохилии Русия ва Белорус таъсир гузоранд ва раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ин мудохилаи худро пинҳон намекунанд.

Лавров дар дидор бо Александр Лукашенко низ гуфт, ки Русия ва Белорус барои таҳкими равобити дуҷониба комилан омодагӣ доранд.

Раиси Ҷумҳурии Белорус низ дар ин дидор бо таъкид бар зарурати тақвияти равобити ин кишвар бо Русия гуфт: равобити ду кишвар ниёз ба навсозӣ надорад, балки бояд онро тақвият кард.

Лукашенко ҳамчунин афзуд: кишварҳои ғарбӣ иқдомоти зиёдеро барои сарнагунии давлати Минск анҷом доданд.

Интихоботи раёсати Ҷумҳурии Белорус, 9 августи соли 2020 баргузор шуд ва Александр Лукашенко бо касби беш аз 80 дар сад оро ба пирӯзӣ расид ва Светлана Тихоновская номзади мухолиф танҳо 10 дар сади ороро ба даст овард.

Мухолифони давлати Белорус, билофосила эълом карданд, ки дар интихобот тақаллуб сурат гирифта ва тарафдорони худро ба хиёбонҳо кашониданд.

Амрико ва Иттиҳодияи Европа, натиҷаи интихоботи Белорусро ба расмият нашинохтанд ва таҳримҳоеро алайҳи ин кишвар вазъ карданд.

Барчасп