Декабр 03, 2020 18:22 Asia/Dushanbe
  • Ашраф Ғанӣ кумаки Ӯзбакистон ба ҳукумат ва мардуми Афғонистонро қадрдонӣ кард
    Ашраф Ғанӣ кумаки Ӯзбакистон ба ҳукумат ва мардуми Афғонистонро қадрдонӣ кард

Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар гуфтугӯ бо ҳамтои ӯзбекистонии хеш аз вай қадрдонӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Раиси Ҷумҳурии Афғонистон Муҳамад Ашраф Ғанӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Раиси Ҷумҳурии Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев ба намояндагӣ аз мардуми кишвараш аз Мирзиёев ба далели ҳимояти вай аз музокироти сулҳи Афғонистон бо Толибон ва кумак ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Кобул дар даврони ҳамагирии коронаи қадрдонӣ кард.
 
Раисони ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Афғонистон дар ин муколамаи телефонӣ бар зарурати афзоиши ҳамкориҳои судманди дуҷониба таъкид карданд.

Густариши равобити Кобул-Тошканд; мавзӯи дидори Комилов ва Абдуллоҳ

Бо вуҷуди паёмадҳои ҳамагирии корона, мубодилоти бозаргонии Ӯзбекистон ва Афғонистон ба таври чашмгир афзоиш ёфта ва тиҷорат дар маркази байналмилалии бозаргонии шаҳри Тирмиз дар ҷануби Ӯзбекистон бо имконоти фаровон барои корофаринони ду кишвар эҷод шудааст.
 
Мубодилоти бозаргонии Афғонистон ва Ӯзбекистон дар соли 2019 маблағи 618 миллион доллар буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп