Декабр 03, 2020 21:21 Asia/Dushanbe
  • Террористони Боко Ҳаром ҳадди аққал 76 кишоварзро дар шимоли Нигерия куштанд
    Террористони Боко Ҳаром ҳадди аққал 76 кишоварзро дар шимоли Нигерия куштанд

Дафтари Шайх Иброҳим Закзакӣ, раҳбари Ҳаракати Исломии Нигерия, дар изҳороте куштори мардуми бегуноҳ аз ҷониби террористони Боко Ҳаромро маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дафтари шайх Иброҳими Закзакӣ Ibrahim Zakzaky дар ин баёния зимни маҳкум кардани куштори даҳҳо кишоварзи бегуноҳ дар иёлати Борно Borno дар шимоли шарқи Нигерия ба дасти аъзоии гурӯҳи террористии Боко Ҳаром Boko Haram , режими ҳоким бар Нигерияро муқассири шароити кунунии Нигерия донист.

 
Дар баёнияи Ҳаракати исломии Нигерия омадааст: «Гурӯҳи террористии Боко Ҳаромро нерӯҳое эҷод карданд, ки тасмим доранд чеҳраи сулҳомези исломро нобуд кунанд .» 

Дафтари Шайх Иброҳими Закзакӣ афзудааст: «Режими ҳоким бар Нигерия ба ҷои муҳофизат аз ҷону моли мардум, ки вазифаи ҳар давлате аст, дар талош барои куштани мардуми бегуноҳ ва аз байн бурдани маишати онон аст.»

 

Унсурҳои гурӯҳи террористии Боко Ҳаром рӯзи якшанбеи гузашта ба деҳаи Гарин Квашебеи аёлати Борно ҳамла карданд ва дар ин деҳа камаш 76 фермер кушта шуданд.

 

Дафтари Ҳаракати Исломии Нигерия (IMM) инчунин бо ишора ба саркӯбии ҷонибдорони Шайх Закзакиро аз ҷониби нерӯҳои амниятии Нигерия қайд кард: "Ба эътирозгарони сулҳталаб ба далели эътирозҳои мусолиматомез ба идомаи боздошти ғайриқонунии Шайх Закзаки мавриди ҳамалоти бераҳмоона қарор мегиранд."


Дар моҳҳои ахири мардуми Нигерия борҳо бо баргузории тазоҳурот дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар хостори озодии Шайх Закзакӣ шудаанд, аммо нерӯҳои амниятии Нигерия ҳамвора ин таҷаммуъотро саркӯб мекунанд.
 
 Низомиёни Нигерия рӯзи 13 декабри 2015 дар ҳамла ба як Ҳусейния дар шаҳри Зориа Zaria дар шимоли Нигерия Шайх Иброҳими Закзакӣ раҳбари ҷумбиши исломии Нигерия ва ҳамсарашро боздошт карданду даҳҳо нафар, аз ҷумла се фарзанди Шайх закзакиро куштанд.

Бештар бихонед: