Декабр 12, 2020 20:32 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Захарова бар ҳаққи Русия дар талофии таҳримҳои Британия
    Таъкиди Захарова бар ҳаққи Русия дар талофии таҳримҳои Британия

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия таъкид кард ин кишвар ҳаққи иқдоми талофиҷӯёна дар муқобили таҳримҳои Британияро барои худ маҳфуз медонад.

Ба гузориши хабаргузории Новости, «Мария Захарова» имрӯзи шанбе бо таъкид бар инки аъмоли таҳримҳои муҷаддади зидди русии Британия, танҳо гӯёи тамоюли Лондон барои идомаи рӯёрӯӣ бо Маскав аст, эълом кард Русия ҳаққи иқдомоти талофиҷӯёна ва посухгӯии муносиб ба ин таҳримҳои ҷадиди Британия, бар асоси асли тақобул дар равобити диплумотик ва муқобила ба мислро барои худ маҳфузи медонад.

Захарова афзуд: Ин тасмими бе появу асоси ахири Британия бидуни тардид бар равобити байни Маскав ва Лондони таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Охирҳои  ҳафтаи гузашта, давлати Британия се нафари дигар аз шаҳрвандони Русияро ба феҳристи таҳримҳои худ изофи кард.

Вазири умури хориҷаи Британия Доминик Робб рӯзи ҷумъа низ дар паёми видеоӣ дар ҳисоби Твиттерӣ бо иддаои нақзи ҳуқуқи башар дар чанд кишвар,аз ҷумла Русия ва Венесуэла гуфт таҳримҳоеро алайҳи шуморе аз мақомҳо ва ниҳодҳои ин кишварҳо аъмол мекунад.

Британия ба лиҳози собиқаи торихӣ равобити дурахшоне бо Русия надорад. Равобити дипломатӣ миёни ду кишвар ба вижа пас аз моҷарои масмумияти «Сергей Скрипал» ҷосуси пешини рус дар Британия, тиратар шудааст.

Давлати Британия, Маскавро ба масмумияти  Сергей Скрипал бо модаи химиявии «навичук» муттаҳам ва ба мӯҷиби он теъдоде аз дипломатҳои ин кишварро ихроҷ кард.

Русия низ ки ҳар гуна дахолат дар ин ҳодисаро рад карда, ба ҳамон мизон аз дипломатҳои Британияро аз хоки худ ихроҷ кард .

Барчасп