Декабр 28, 2020 13:07 Asia/Dushanbe
  • Вазири маориф ва илми Русия мегӯяд, ки донишҷӯёни хориҷӣ бояд битавонанд ба сурати онлайн аз дипломҳои худ ҳимоят кунанд
    Вазири маориф ва илми Русия мегӯяд, ки донишҷӯёни хориҷӣ бояд битавонанд ба сурати онлайн аз дипломҳои худ ҳимоят кунанд

Вазири маориф ва улуми Русия ба зарурати ҳимояи дипломи донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Русия аз фосилаи дур таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Валерий Фальков гуфтааст, ки бояд донишгоҳҳои Русия дар ин маврид барнома резӣ кунанду ба далели густариши вируси корона ба донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумлаи тоҷикҳо иҷозат диҳанд, ки ин афрод дипломҳои худро аз роҳи дур ҳимоя кунанд.

Фальков мегӯяд: «Нигаронии мо бештар дар мавриди донишҷӯёни соли аввал мебошад, ки ба далели баста будани марзҳо натавонистанд худро ба маҳалли таҳсил расонанд. Аз ин рӯ аз раёсати донишгоҳҳои Русия дархост кардем, ки ба ин донишҷӯён то замони оддӣ шудани авзои Ковид- 19 мурраххасӣ диҳанд. Ҳарчанд ки дар дохили Русия низ акнун барои 65 дарсад аз донишҷӯён ва 40 дарсади донишгоҳҳо тадрисро аз роҳи дур роҳандозӣ кардаанд.»

Наздик ба 4 ҳазор донишҷӯи тоҷик, ки бояд барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ба он кишвар мерафтанд дар пайи густариши вируси корона ва баста шудани марзҳо дар дохили Тоҷикистон мондаанду аз роҳи дур омӯзиш мебинанд.

Ин донишҷӯён аз поин будани суръати интернет, қатъи барқу мушкилоти омӯзиш аз роҳи дур шикоят мекунанд аммо зоҳиран роҳи дигаре барои онон вуҷуд надорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп