Январ 17, 2021 20:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳеч итилоъе аз эҳтимоли ғарқ шудани хадамаи ин киштӣ дар даст нест
    Ҳеч итилоъе аз эҳтимоли ғарқ шудани хадамаи ин киштӣ дар даст нест

Расонаҳои Русия аз ғарқ шудани як киштии бории русӣ бо 15 хадама дар баҳри Сиёҳ хабар доданд, ки ҳануз аз сарнавишти онҳо итилоъи дақиқе ба даст наомада аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , расонаҳои Русия аз ҷумла хабаргузории РИА Новости , радиои Эхо-и Маскав рӯзи якшанбе эълом карданд, ки киштии борӣ бо парчами Русия дар минтақаи соҳилӣ дар наздикии минтақаи Инкомои Туркия дар баҳри Сиёҳ ғарқ шуд.

 Синон Гунир-устондори устони Бортини Туркия гуфта аст : Киштии бории русӣ 15 хадама дошту имдодрасонӣ барои наҷоти ин афрод оғоз шуда аст .

 Ба гуфтаи Гунир хадамаи киштӣ пеш аз ғарқ шудани ин киштӣ тавонистанд бо се қаиқи кучак аз он хориҷ шаванд ва ҳеч гуна итилоъе аз эҳтимоли ғарқ шудани ин афрод вуҷуд надорад .

 Устондори устони Бортини Туркия дар айни ҳол афзуд : Шароити номусоиди обу ҳавоӣ монеъи амалиёти имдодрасонӣ ба хадамаи киштии бории Русия шуда аст .

Дар ҳамин ҳол хабаргузории РИА Новости ба нақл аз дабири матбуотии сифорати Русия дар Туркия навишт : Ҳеч як аз хадамаи киштии бории ғарқшуда кушта нашудаанд ва сафорати Русия барои равшан шудани сарнавишти ин афрод талош мекунад .

 Бештар бихонед:

 

Барчасп