Январ 20, 2021 20:14 Asia/Dushanbe
  • Абдурауф дар Мазори Шариф рабуда шудааст
    Абдурауф дар Мазори Шариф рабуда шудааст

Абдурауф, кӯдаки 9 солаи афғонистонӣ, ки се моҳ пеш рабуда шуда буд, ҳамчунон дар чанги одамрабоён аст.

Ба гузориши хабаргузории «Шафақно», аъзои хонаводаи Абдурауфи 9 сола аз ҳудуди як моҳ пеш муқобили дафтари волии Балх эътироз кардаву ба нотавонии ниҳодҳои амниятиву иттилоотии Афғонистон дар раҳоии фарзандашон аз чанги одамрабоён норозӣ ҳастанд.

Одамрабоён барои озодии ин кӯдаки афғонистонӣ якуними миллион доллар талаб кардаанд.

Абдурауфи ҳудуди се моҳ пеш дар шаҳри Мазори Шариф рабуда шудааст.

Абдурауфи 9 сола аз се моҳи пеш рабуда шудааст

 

Ин дар ҳоле аст, ки ахиран Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон аз ниҳодҳои амниятӣ ва иттилоотии вилояти Балх хоста буд, ки барои озодии Абдурауф талош кунанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп